20 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни баргузории маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур, 20 июл соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мешавад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрик гуфта, иброз дошт, ки «мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол Иди саиди Қурбон дар мамлакат ба рӯзи сешанбе, 20 июл рост меояд».
Дар анҷоми маҷлис Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯро ва имомхатибонро даъват намуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон- табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.