Интизор меравад, ки дар кишвар типи нави гўсфанди хушзоти ҳисорӣ-гўсфанди намуди шаҳринавии гўсфанди ҳисорӣ арзи ҳастӣ мекунад.
Дар ин маврид зимни нишасти матбуотӣ Асозода Нуралӣ Маҳмадулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба рўзноманигорон иттиллоъ дод. Ҳамзамон вазири кишоварзии мамлакат Зиёзода С. афзуд, ки гўсфанди хушзоти ҳисорӣ дар давоми асрҳои зиёд тавассути селексияи анъанавии халқӣ офарида шуда, таърихи беш аз ҳазорсола дорад.
Вазир дар идома гуфт, ки даъвои олимони кишвари ҳамсоя, ки онҳо навъи нави гўсфанди сергўшту серравған-«Арашан»-ро офариданд, асос надорад. Ин ҳамон гўсфанди хушзоти ҳисорист, ки ниёгони мо ҳазор сол қабл офарида буданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар як изҳорот нигаронӣ намуда буданд, ки олимони кишвари Қирғизистон навъи гўсфанди ҳисориро бо номи “Арашан” ҳамчун зоти нави гўсфанд муаррифӣ карданд.
Пахши мустақими нишасти хабарии Вазорати кишоварзӣ: