Рӯзномаи «Ар-Риёз»-и Арабистони Саудӣ муҳтавои мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» бознашр намуд

29 июн рӯзномаи «Ар-Риёз»-и Подшоҳии Арабистони Саудӣ муҳтавои мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» интишор ёфта буд, бо забони арабӣ зери унвони  «Президенти Тоҷикистон: СҲШ — намунаи нави созмонҳои байналмилалии пешсаф — масири муваффақонаи Созмон дар тӯли 20 сол» бознашр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пайвандҳои электронии бознашри мақола ба забони арабӣ: https://www.alriyadh.com/1893424

Аксҳо аз ВКХ ҶТ