Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Зимни музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ гардида, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра, аҳаммияти баргузории мунтазами Мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳо, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд карда шуд.
Вобаста ба рушди муколамаи байнидавлатӣ ҷоннок кардани фаъолияти механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, зарур шумурда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии ду кишварро бо дарназардошти имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, истифодаи захираҳои об, идомаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, баррасӣ карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардид.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оранд.