Акс аз интернет
Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати як хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Гуфта мешавад, ки хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 08010 ВМ ҶТ Шоҳин Ёдгоров бо рафиқонаш Акбар Мансуров ва Абубакр Мансуров шаби 10 ба 11 январи соли 2021 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо мақсади содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Мирзоев С.К., воқеъ дар ноҳияи Варзоб даромада, молу амволи ӯро, ки маблағи 11 687 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сарпрокурори ҳарбӣ нисбати Мансуров А.М., Мансуров А.М. ва нисбати хизматчии ҳарбӣ Ёдгоров Ш.Б. бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в, г» (Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ба суд ирсол намудааст.
“Бо хукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз 12 апрели соли 2021 Ёдгоров Ш. Б., Мансуров А. М. ва Мансуров А. М. бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в, г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст”-менависад манбаъ.