Аз хунукназарии масъулин «Кӯли ҷавонон» ҳоли ногувор дорад

Директори мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб Баҳром Рустамов аз ҷудо нашудани маблағ барои нигоҳдории Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кӯли ҷавонон» шиква кардааст. Ба гуфтаи ӯ ин кӯл чанд сол аст, ки дар тавозуни мактаби онҳост ва як ҳавзи хӯрди онро бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бо панҷара маҳкам кардаанд.

Баҳром Рустамов ба «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки “дар маҷмаа ду ҳавзи шиноварӣ буда, агар кӯли асосиро об пур кунем, хавфи рахна шуданаш аз эҳтимол дур нест”. Дар шаҳр бошад, чор ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки 3-тояш хусусиянд.

Ба навиштаи ин нашрия “Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кӯли ҷавонон» соли 2012 бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир таъмир гашта, баҳри истироҳати сокинон бо заврақҳо низ таъмин гардид. Мутаассифона, айни ҳол кӯл ба харобазор ва чарогоҳи чорво табдил ёфтааст. На аз заврақҳо нишон асту на аз дигар корҳои ободонӣ”. Аммо ҷустуҷӯйи мо дар сомонаи www.president.tj нишон дод, ки Сарвари давлат 8 августи соли 2011 ба Маҷмааи варзишии Кўли ҷавонон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кўлоб ташриф оварда, бо шароити машқу тамрини варзишии ҷавонону наврасон аз наздик шинос шуданд. Дар хабари ин сомона гуфта мешавад, ки ин маҷмаа иборат аз кўли шиноварӣ (150х50м.), кўли қаиқронӣ (300х150м.), майдони васеи варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда, бо харҷи 2 миллиону 28 ҳазор сомонӣ мавриди навсозӣ ва тармими умумӣ қарор гирифта, дорои шароити хуби машқу тамрин гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки «Ҷумҳурият» маблағи онро 3 миллиону 445 ҳазору 974 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ гуфта, илова намудааст, ки “фармоишгари он раёсати сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб ва паймонкор ҶДММ «Султон» мебошанд. Баъди анҷоми ободонии «Кӯли ҷавонон» онро ба тавозуни Корхонаи фаръии давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳр гузаронданд, вале аз хунукназарии кормандони корхона, кӯл ҳоли ногувор дорад. Ҳоло «Кӯли ҷавонон» дар мувозинати мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мебошад”.

Вале, ба ҳар сурат, “Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳоло сохтмони нотамом дорад ва маълум нест, ки давраи дувуми корҳои ободонӣ кай оғоз мегарданд. Аз идораи сохтмони шаҳр гуфтаанд, ки барои идомаи таъмири кӯл, то кунун маблағ пешбинӣ нашудааст.