Имрӯз дар Академияи ВАО-и кишвар ҷаласаи аъзоёни Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо» Нуриддин Саид, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон Абдураҳмон Холов ва дигар кормандон ва аъзоёни Ҳизби халқии демократии кишвар аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи конфронс Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо» Нуриддин Саид оид ба фаъолияти ҳизб дар Кумитаи телевизион ва радио дар 6-моҳи охири соли равон маърӯзаро пешниҳоди ҳозирин намуд.
Номбурда иброз дошт, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои раиси Ҳизби халқи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар самти тақвияти нуфузи ҳизб, вусъат бахшидани ғояву арзишҳои миллӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муайянеро анҷом додааст. Дар ин давра таваҷухи бештар ба самти фаъолият ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва савияи дониши сиёсии аъзозоёни ҳизб зоҳир гардид.
«Дар замони ҳисоботӣ бо мақсади таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, ташаккули муносибати фаъоли шаҳрвандӣ озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардиданд, ки ин амалҳо боиси тақвияти тафаккурии сиёсии аъзоёни ҳизби зерсохторҳои Кумита мегарданд»,- қайд намуд раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид.
Ӯ иброз дошт, ки дар шабакаҳои телевизиониву радиоии кишвар даҳо барномаҳо дар тамоми самтҳо сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар риштаҳои муҳими давлатдорӣ дар асоси бандҳои асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд. Бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои фаъоли фаолияти ҳизб дар Ташкилоти ибтидоии «Садо» ин қабули аъзоён ба сафи ҳизб мебошад ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби кормандони ҷавону фаъол ва кордон зиёд карда шавад.
Ҳамзамон, намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Холов зикр дошт, ки барои пеш бурдани кори ҳизб аз фаъолияти фаъолонаи аъзоёни он вобаста буда, пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи ғояҳои милливу ватандӯстӣ ва арзишҳои неки инсонӣ дар дасти кормандони садо ва симо мебошад. Аз ин рӯ, нақши онҳо дар пешбурди кори ҳизб назаррас аст.
Дар охири ҷаласа ба шаш нафар Кормандони Кумитаи телевизион ва радио, аъзоёни Ҳизби халқии демократии кишвар шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд.