Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст. Тибқи хабари манбаъ, дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори марбута қабул намудааст.
Ин тадбир дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» андешида шудааст.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.