Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе имконият ва роҳҳои таъмини рушди соҳибкории инноватсионӣ дар мамлакатро баррасӣ намуданд.
Ҳамоиш дирӯз ва бо мақсади таҳлили имкониятҳо ва роҳҳои таъмини рушди соҳибкории инноватсионӣ, арзёбии заминаҳои мавҷуда барои тақвияти рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар рақамикунонии иқтисодиёт, роҳандозии технологияҳои муосир дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон доир гашт.
Тавре дар сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ омадааст, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар баромади худ оид ба тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва истифодаи имконияту захираҳо суханронӣ намуда, гуфт, ки айни замон дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, сохтмон, тиб ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ислоҳоти васеъ амалӣ гардида, корбарии электронӣ ба роҳ монда шудааст.
“Ҷорӣ гардидани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст”,-омадааст дар гузориш.
Дигар баромадкунандагон дар мавзӯъҳои пешбурди рақамикунонӣ дар иқтисод ва тиҷорат, IT парк – яке аз омилҳои рақамисозӣ, дурнамои рушди экосистемаи стартапҳо, нақши технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар рушди иқтисоди рақамӣ, ояндаи автоматикунонии тиҷорат, тамоюлоти технологияҳои молиявӣ (FinTech) ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон мулоҳизот ва андешаҳои худро баён намуданд.