Дар маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ин маҷлис таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид ва дар он ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2020 пешниҳод гардид.
Тавре сомонаи “Ховар” мегӯяд, дар ин ҷамъомад лоиҳаи қарордоди лоти 3 «Сохтмони иншооти соҳили рост»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» байни фармоишгари сохтмони иншоот — Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пудратчии генералии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз рўи лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» маъқул дониста шуд.
Ҳамин тавр, “дар маҷлис аъзои Шўрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб гардида, аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2021 ва подошпулии он тасдиқ карда шуд”.