Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мардуми созандаю ободкори Ҷамоати деҳоти Сурх ба таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зисти худ бо саҳми умум камари ҳиммат бастаанд.
Манбаъ меафзояд, ки раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни сафари кории худ ба корҳои таъмиру мумфаршкунии 4 километр роҳҳои дохили маҳаллаи ҷамоати деҳоти мазкур оғоз бахшид. Раиси шаҳр қабл аз оғози корҳо бо сокинони маҳалла суҳбат ороста, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ёдовар гашт ва ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми деҳа, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатии ватандӯст ва соҳибкорони саховатпешаи бурунмарзии зодаи Ҷамоати дехоти Сурх ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкори деҳаро дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва ободонии маҳалли зист шоистаи таҳсин ва ибрату пайравиҳо арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки соҳибкорони эҳсонкору мардуми ободгари Сурх ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумат корҳои созандагию ободониро дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъмиру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ аҳлонаю дастҷамъона вусъат мебахшанд.
Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳо дар баробари соҳибкорон, аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд.