30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод. Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ…
Read MoreДень: 30.04.2025
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Марокаш нусхаи эътимоднома супорид
29 апрели соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш (бо қароргоҳ дар ш. Қоҳира) Парвиз Мирзозода дар шаҳри Работ ба вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои бурунмарзии Шоҳигарии Марокаш Носир Бурита нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора, сомона ВКХ ҶТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, сипас Парвиз Мирзозода ва Носир Бурита масоили муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Марокашро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Read MoreДоир ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ конфронси минтақавӣ баргузор мешавад
1 майи соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр доир ба Осиёи Марказӣ конфронси минтақавиро таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» баргузор менамояд. Конфронс тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир мегардад.Дар конфронс роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон иштирок менамоянд.Ҳадафи баргузории ҳамоиш муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва…
Read MoreМулоқоти Султон Раҳимзода бо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Кэтрин Смиттон, Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британия дар Тоҷикистон, мулоқоти сатҳи баланд баргузор намуданд. Дар ин бора, сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо мубодилаи афкори созандаро дар самти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои стратегии калидӣ анҷом доданд. Таъкиди махсус ба рушди устувор нисбат ба тағйирёбии иқлим, манбаъҳои барқароршавандаи энергия — бахусус энергияи сабз ва гидроэнергетика — ва имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Раиси Кумита қайд карданд, ки Тоҷикистон…
Read MoreРӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд
Аз 25 то 27 апрел дар шаҳрҳои Пекин ва Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 25 апрел дар шаҳри Пекин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, мероси таърихию фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва анвои гуногуни меваҳои Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Чжэн суханронӣ намуданд. Иброз гардид, ки…
Read More