Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон вориди пойтахти он- шаҳри Тошканд гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд» ба номи Ислом Каримов муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон