Роҳ сӯи Роғун танҳо роҳи расидан ба як иншооти бузурги энергетикӣ нест. Он сафар ба сӯи яке аз ормонҳои бузурги мардуми Тоҷикистон аст.
Ҳамин ки ба мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» наздик мешавӣ, пеш аз ҳама миқёси азими корҳои бунёдкорӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Кӯҳҳои сарбафалак, техникаҳои пуриқтидор, нақбҳои азим ва садои пайвастаи мошину механизмҳо фазои як сохтмони воқеан бузургро ба вуҷуд овардаанд.
Дар сари ҳар қадам нишонаи заҳмати ҳазорон нафарро дидан мумкин аст. Дидани раванди бунёди сарбанди неругоҳ, иншооти ёрирасон ва корҳои мураккаби муҳандисӣ касро водор месозад, ки ба азму ирода ва тавоноии мутахассисони тоҷик арҷ гузорад.
Роғун рамзи созандагӣ, умед ба оянда ва талоши расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад. Ҳар метри бунёдшудаи ин иншооти азим гӯё аз ояндаи равшани кишвар қисса мекунад.
Роғунро бояд дид, то бузургии ин сохтмон ва арзиши заҳмати созандагонро бештар эҳсос кард. Зеро ин ҷо имрӯз на танҳо неругоҳ, балки як саҳифаи муҳими таърихи Тоҷикистони навин бунёд мешавад.
Нигинаи Ризвон,
Радиои Тоҷикистон
