Дар як моҳи гузашта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 624 нафар кушта шудаааст.
Ин теъдод кушташудагон афроде мебошанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд ва аз ин шумора 302 нафар шаҳрванди мулкӣ ва 329 нафар низомӣ мебошанд. Теъдоди захмишудагон бошад, 710 нафар гуфта мешавад.
Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон гуфтааст, ки дар натиҷаи задухурдҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароии исломӣ дар Афғонистон моҳи майи соли ҷорӣ 109 кӯдак кушта шудааст.