Владимир Путин як муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ намуд

Ҳукумати Федератсияи Россия бо фармони Президенти Федератсияи Россия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Камоловро бо Ифтихорнома сарфароз гардонидаааст.

Дар ин хусус Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки “номбурда аз таҷрибаи бойи андухта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад.”

Дар хабари Хадамот таъкид шудааст, ки аз ҳосили заҳмати худ Парвиз Камолов барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабитернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар давраи пандемияи коронавирус Парвиз барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд мадад намуда буд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созанда ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия садҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият ва таҳсилу зиндагӣ менамоянд, ки ин самараи муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Федератсияи Россия фаъолият намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.