Аз рӯзи 26-уми май, дар шаҳри Тошканд, дар чорчӯбаи Рӯзҳои ҷаҳонии нассоҷӣ Намоишгоҳи сеюми байналмилалии UzTextile Expo оғоз шуд, ки он то 29-уми май идома мекунад. Барномаи Рӯзҳои ҷаҳонии нассоҷӣ, бар иловаи ин намоишгоҳ ва чорабиниҳои гуногун, ҳамчунин, аз вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ иборат аст.
Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 11 ширкати нассоҷиву дӯзандагӣ ва 2 ширкати консалтингӣ иборат аст: “Гулдастон”, “Гулистони Душанбе”, “KOTA Глобал”, “Лидер”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”, СИ “Раҳматов”, “ToҷТекс”, ва “Ваҳдат Текстил”. Ширкатҳои машваратии “ACT Development” ва “Business Consulting Group” дар давоми ин сафар ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунанд.
UzTextile Expo – намоишгоҳи байналмилалии нодир ва вижаи соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунанд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то ба либоси омода ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Узбекистон, бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор, кумак мекунад.
Рустам Шодибеков, мудири иҷроияи ширкати “ACT Development Group”, бар ин бовар аст, ки: “Намоишгоҳи Тошканд макони ихтирооти инноватсиониест, ки ба соҳаи дӯзандагӣ илҳом мебахшад. Ширкатҳои мо имкон доранд, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.
Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин, имкон хоҳад дошт, то аз барномаи васеъи тиҷоратӣ баҳра бардорад. Дар барнома, аз ҷумла, иштирок дар Ҳамоиши байналмилалии нассоҷии Ӯзбекистон, вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
Абдурашид Абдуҳамидов, мудири иҷроияи ширкати “ТоҷТекс”, мегӯяд: “Ман мутмаинам, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид хоҳад буд. Ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро ва бозори маҳсулоти хом барои худамонро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба трендҳои замонавии соҳа низ хоҳем гирифт”.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои иштирок дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ созмондиҳӣ шудааст.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”