Миҷгона ва Шоира дар Чемпионати Осиё шикаст хурданд

Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова дар даври ниманиҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг аз намояндаи Ӯзбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардиданду бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва варзишгарони тоҷик – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова роҳхатгирифтагони ниманиҳоии ин мусобиқа мебошанд.

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ имрӯз варзишгарони мо Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба ринг мебароянд.

Бояд гуфт, бори аввал AIBA ба ғолибони Чемпионати Осиё мукофотпулӣ таин кард. Тибқи маълумот Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.

Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5 000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм, ҳар кадом 2 500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.