Ту меҳнат мекунӣ, то ҳалолтарин рўзиро барои зану фарзандонат фароҳам оварӣ. Бояд ифтихор дошта бошӣ, ифтихор аз луқмаи ҳалол. Лекин дар баробари ин дониста бош, ки муҳоҷирати меҳнатӣ як раванди табиӣ буда, ихтиёрӣ сурат мегирад. Худат нағз медонӣ, ки танҳо тоҷик муҳоҷир нест. Шояд бо ҳазорон ўзбеку қазоқ, қирғизу афғон, турку озар ва фарзандони дигар халқу миллатҳо дар муҳоҷират дўст шудаӣ. Яъне, ба мисли ту муҳоҷирон аз тамоми халқу миллатҳо ҳастанд. Шояд огоҳ ҳам ҳастӣ, ки имрўз садҳо нафар шаҳрвандони Чину Туркия, Ҳинду Афғонистон ва кишварҳои дигар дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият доранд. Дар умум мисли ту 300 миллион муҳоҷири меҳнатии дигар дар дунё ҳастанд, ки новобаста ба шароит, ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандўстиашонро нигоҳ медоранд.
Барои чӣ ин суханҳоро ба ту мегўям, муҳоҷир? Барои он ки мехоҳам нони ҳалол ва ризқи бо обилаи даст соҳибшудаатро бо ҷонибдорию тарафдории ҳизбу ҳаракатҳо ва террористону бадхоҳон ҳаром нагардонӣ. Ин гурўҳҳо бо пули ҳарому бе дарди миён ба дунё омадаанд, фаъолият доранд ва ҳамин гуна то охири умр зиндагӣ мекунанд. Ту худатро бо онҳо ҳамқисмат макун. Ту ҳалолхўрӣ ва бояд бо ҳалолхўрон бошӣ.
Террористу фитнагар Иқболи Садриддин дар як баромадаш бо хитоб мегўяд, ки дар сурати то 15 июн 247 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик санади зисту зиндагониашро дар қаламрави Россия расмӣ накунад ва онҳо ба Тоҷикистон раванд, 1 миллиону 300 ҳазор нафар гурусна мемонад. Акнун, худатон фикр кунед. Фароҳамкунандаи рўзӣ кист ва ё чист? Муҳоҷират, ки Иқболи Садриддини фитнагар эмоновардаи он аст ва ё Худованде, ки мо ҳамагон ба он эмон овардаему рўзиро аз ў медонем. Акнун интихоб дар дасти туст, муҳоҷири азиз. Ба як беэмону ширковаранда тарафдорӣ мекунӣ ва ё ба онҳое, ки пеш аз ҳама рўзиро аз Худованд ва баъд аз заҳмату талоши худашон медонанд?
Факти дигарро мехоҳам бидонӣ, муҳоҷири азиз. Бо паҳн шудани бемории ҳамагири коронавирус марзҳо баста шуданд ва соли 2020 шаҳрвандон натавонистанд, ки ба таври муқаррарӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Тибқи маълумотҳо дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 рафтани муҳоҷирон ба Россия 70-80 дарсад кам шуд. Оё шумо хабаре ёфтед, ки кадоме аз онҳо ва ё зану фарзандашон ранҷи гуруснагӣ кашиданд ва ё аз гуруснагӣ ҳалок шуда бошанд? Яъне, дар Тоҷикистон ҳам агар шумо меҳнати ҳалол кунед, заҳмат кашед, Худованд рўзиатонро медиҳад. Хоини миллат Иқболи Садриддин барин тоифаҳои фитнагар бо дурўғу найрангҳояшон муҳоҷирати шуморо мехоҳанд гуноҳи Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кунанд. Боре фикр кардаед, ки муҳоҷирони ўзбеку қирғизу турку афғону дигар ҳам бо гуноҳи Ҳукумати Тоҷикистон муҳоҷир шудаанд? Иқбол чандин сол аст, ки ҳамчун як зани паршикаста кору зиндагӣ дорад ва тамоми рисолати занонаро иҷро мекунад. Дигар наметавонад мисли мардон дар сохтмону корҳои душвору заҳматталаб фаъолият кунад. Аз ин хотир рў овардааст ба лақидану туҳмату фирефта кардани ту, муҳоҷири азиз.
Муҳоҷири азиз, ту бояд хуб дарк кунӣ, ки Тоҷикистон ягона кишвари собиқ Иттиҳоди шўравист, ки бо дасисаву хиёнаткориҳои аъзоёни ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ва хоҷагони хоириҷиашон ба ҷанги бародаркуш кашида шуд. Беш аз 80 фисади мероси замони шўравӣ несту нобуд, дўздиву сўзонида шуданд. Маҳз аз ҷониби ҳаминҳо ё бо дасти чунинҳо. Аз ҳама нангин, 150 ҳазор бародар бо дасти бародар ва дар бадтарин шароит кушта шуданд. Зарбаи бузурги иқтисодию равонӣ ба давлату миллат расид. Акнун барои бартараф кардани ин хисорот на 28-29 соле, ки хоинон даҳон кафк карда Ҳукумати кишварро таъна мезананд, балки 50-у садсолаҳо лозим аст. Дар воқеъ гирем агар, анҷоми муқаддамотии ин ҳодисаи нангинро на 28-29, балки 20 сол шудааст, чунки то соли 2000-ум ва ҳатто баъдтар аз он ҳам Ҳукумати Тоҷикистон бо саркардагону хоҷагони ҳамин гурўҳҳои террористӣ даст ба гиребон буд. Ба ин нигоҳ накарда Тоҷикистон рўз то рўз ободу зебо, коргоҳу корхонаҳо бунёд, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил ва рўзгори сокинон беҳ мегардад.
Шумо чеҳраи воқеии террористу хоин Муҳиддин Кабирӣ, Иқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва чанд пайрави дигари онҳоро борҳо дидаед ва бояд аз онҳо худро канор гиред. Инҳо бо усули занонаи «туҳмат куну фирефта кун» амал мекунанд ва ҳамеша чун занони хурофотӣ дар хона мемонанд ва ҳамон як вазифаи азалиашонро иҷро мекунанд. Ба фиребу найрангҳои онҳо дода нашавед. Ба ояндаи худу фарзандон ва Тоҷикистон некбин бошед. Дониста бошед, ки барои террористони садрў –Кабириву Иқбол, Шарофиддину дигар ёронашон, ки дар камера лофи ватандориву ватандўстӣ мезананд, Ватан ва миллат умуман арзише надорад. Барояшон доллари хоҷа Ватан ва ҳарамсарояшон кайфияти зиндагӣ аст. Ту тамоман дигари, муҳоҷири азиз. Медонӣ ва хуб дарк мекуни ки, дар муҳоҷиратбудаи бо ёди Ватан дар Ватан аст. Бо ёду ҳавои Ватан ва дар фикри оромиву осоиштагии он бошед. Ба дуруғҳои хоинон бовар накунед.
Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ёфтани пораи нон мушкил буд, як миллион муҳоҷири иҷбории тоҷикро аз хоки Афғонистон баргардонид ва аз гуруснагӣ наҷот дод. Акнун дар ҳамин фазои сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ наметавонад оилаи муҳоҷири меҳнатиро бо ғизо таъмин намояд? Дар ин масъала роҳат бошед, чунки дар фазои амну суботи Тоҷикистони азиз даст ба кору дил ба ёр будан, ҳама шароитро фароҳам меоварад.
Дар охир…дастатро мефишорам ва мебусам, муҳоҷири азиз. Обилаҳои дасти ту нишони садоқатат ба оилаву фарзандон ва Ватани маҳбубат аст. Мехоҳӣ аз мулки ғариб нони ҳалол ба Ватанат равон кунӣ, зеро медонӣ, ки ҳалол поянда ва ҳаром миранда аст. Обилаи дастонатро аз чашмони хумории (бангии) Иқболи Садриддин ва чеҳраи манфури террористон Кабириву Шарофиддин боло бидон. Нагузор, ки аз ту истифода баранд. Онҳоанд сазовори истифода, ки аллакай соҳиби хоҷаву меҳмони ҳарамсароанд.
Мансур КАРИМ, сокини шаҳри Душанбе