Дар Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир” идома дорад. Дар Конференсия Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои марбута ширкат доранд.
Дар оғози ҳамоиши мазкур, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки мақсад аз баргузории Конфронс баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир барои фароҳам овардани шароитҳои сазовори зиндагӣ ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ҳисобида мешавад.
Маълумот дода шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 430 адад мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 369 адад деҳот ва 61 шаҳрак фаъолият мебаранд, ки ҳудуди онҳо 8 млн 403 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ менамояд.
Инчунин дар конфронс масъалаҳои Аҳамияти ҷалби сармоягузории беруна дар ҳалли масъалаҳои Аҳамияти маҳалӣ дошта (таъмин бо оби нушокӣ, таъмини тозагии маҳал, нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо) барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот, рушди сайёҳӣ ҳамчун манбаи афзоиши даромад дар сатҳи маҳаллӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва имкониятҳои молиявии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баррасӣ гардиданд.
Шоҳин Саидов
Pадиои “Тоҷикистон”