Ҳамкориҳо бо роҳбарияти Бонки Қатарии Рушд баррасӣ гардид

Санаи 4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Бонки Қатарии Рушд (QDB), узви Шӯрои нозирони Фонди Қатар оид ба Рушд Абдулраҳмон Ҳешам Ал — Совадӣ баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи Вазорати молия хабар додааст.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки робитаҳои дӯстонa ва эътимодноки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ заминаи муҳим барои рушди ҳаматарафаи шарикӣ фароҳам овардаанд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Вазири молия доир ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маълумоти муфассал пешниҳод намуда, нақши онро дар таъмини амнияти энергетикӣ, тавсеаи содироти нерӯи барқ ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар шарҳ дод.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, саноат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷавоб Директори Бонки Қатарии Рушд омодагиро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи НБО «Роғун» ва ҳамчунин дастгирии дигар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.

Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо маблағгузории Бонк омодагии ҳамаҷониба баён намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз Директори Бонк даъват ба амал оварда шуд, ки аз лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус НБО «Роғун» аз наздик дидан намоянд.