Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ ба муносибати ҷашни 31 умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 соли фаъолияти босамари судҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Судҳои иқтисодӣ самараи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок доштанд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода оѓоз гардид. Аснои суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи бунёдгузори воқеии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифодаи олии иродаи мардуми сарбаланди тоҷик 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдорию бардавоми он нақши ҳалкунанда дорад.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва МНМО-ии ҶТ Ализода Зариф бо ёдоварӣ аз низоми судии ҶТ дар заминаи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки имрӯз давлатдории муосирро бе Конститутсия тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Зеро ин ҳуҷҷати тақдирсоз яке аз санадҳои бунёдии давлат ба шумор меравад, ки дар он ҷо мақсаду мароми давлат, низоми давлатдорӣ ва дигар масъалаҳои муҳиме ҳастанд, ки онҳо барои ба як низом даровардани ҷомеа ва пешрафту рушди он замина муҳайё мекунад.
Зимни конфронс гуфта шуд, ки ҳокимияти судӣ дар Конститусионии ҶТ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, адолати судӣ омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои шаҳрванд ҳамчун манфиатҳоди давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод мегардад. Дар раванди кори конфронс вобаста ба нақши Конститутсияи ҶТ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, нақши он дар таҳкими адолати судӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.
Дар фароварди конфронс изҳори итминон карда шуд, ки аз натиҷаи кори конфронс қарорхои дахлдор қабул гардида ва бобати такмил додани қонунгузории соҳа пешниҳодҳои мушахас манзур хоҳад гашт.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
