Дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ), Маркази нави омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ кушода шуд. Ин Марказ фаъолияти худро 24-уми май, дари худро ба рӯи донишомӯзон боз кард.
Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагиро Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боз намудааст.
Ҳадаф аз ин тақвият ва рушди маҳоратҳои асосие мебошад, ки мутобиқи трендҳои замонавии соҳа аз ҷониби соҳаи дӯзандагии кишвар талаб мешавад. Таълими тарроҳии компютерӣ, сохтани қолабҳо, андозагирӣ, ва ҷобаҷогузории сарфакоронаи қолабҳо ва дӯхти либос аз ҷумлаи фаъолиятҳои асосии маркази мазкур мебошад. Дастрасӣ ба таҷҳизот ва технологияи навтарини соҳа, аз ҷумла мошинаҳои замонавии дӯзандагӣ, барномаи тарроҳии компютерии либос (CAD) бо номи GRAFIS, намунаи 12 ва ғайра ба донишомӯзон фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки соҳаи дӯзандагӣ ҳамеша дар ҳолати тағйир аст ва корхонаҳои Тоҷикистон низ бояд пайваста ин равандҳоро пайгирӣ намоянд ва ҷараёни истеҳсолоти худро ба талаботи нав мутобиқ созанд. Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ холигӣ миёни бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимиро пур хоҳад кард. Бо таълим ва технология марказ ҳадаф дорад, то ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ нерӯи кории таълимдидаву тамриндида пешниҳод кунад. Дар баробари ин, марказ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Суғд, ки яке аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ рушдкардаи кишвар мебошад, нақши муҳимро хоҳад бозид.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф дорад, ки бо кӯмаки фаннии МТБ, корхонаҳо, ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, дар мавзӯъҳои соҳавӣ маводи таълимии нав таҳия кунад ва маводи таълимии мавҷударо ба шароити нав мутобиқ созад.
Доктор Дилафрӯз Саидӣ, Директори ДПДТТХ, мегӯяд: “Дар замоне, ки фазои рақобатпазирӣ васеъ мегардад, рушди муваффақонаи ҳар соҳаеро мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мекунанд. Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки ба рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва ворид кардани технологияҳои нав ҳам ба раванди таълим ва ҳам ба истеҳсолот мусоидат мекунад, алоқаи байни муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолотро таъмин карда, ба роҳ ёфтани маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои нав саҳм мегузорад”.
Ба гуфтаи масъулин, аввалин давраи омӯзишӣ дар марказ рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”