Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил ва тасвиб қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва дар ин васила мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ мукаммал шудани Кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, таҳия шудааст.
Бар асоси тағйирот, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Тибқи қисми 4 моддаи 1 лоиҳа моддаи 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷаласа вакилон, ҳамчунин Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавї ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мавриди таҳлил ва тасвиб қарор гирифтанд.