Дишаб чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА рақобат намуда, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Ин бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» тезу тунд сурат гирифта, ба таъбири “Ховар”, рақиб ҷониби дарвозаи мо ҳамлаҳои хатарнок равона мекард ва дарвозабони бомаҳорати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов ба ҳамаи зарбаҳои рақиб монеа мешуд. Сабқат ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шуда, довар ба бозӣ 5 дақиқа илова намуд. Бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расонида, дили тамоми мардуми тоҷикро шод намуданд.
Тавре “Варзиш” менависад, “пеш аз оғози рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи Осиё – Лигаи қаҳрамонҳо дар гурӯҳи “А” мутахассисони навкори мусобиқа “Истиқлол”-и Душанберо дастаи камбаҳои гурӯҳ меҳисобиданд. Баъд аз ин гуна бозиҳои ҷолиб ва шикасти ғайриинтизори миллионерҳои араб аз дасти Левченко ва шербачаҳои тоҷикаш ҳангомаи тамоми мусобиқотро тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба номи худ сабт намуд. Ҳамакнун номи тоҷикро дар Осиё ҳамчун кишвари варзишиву футболӣ эътироф хоҳанд намуд. Онро бо ҳарфи заррин дар таърих “Истиқлол”-и тоҷбарсар ба номаш сикка зад.”
Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баъди 5 даври рақобатҳо бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор дорад. Дар даври охир, яъне бозии 6-ум дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 30 апрел бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат мекунад.
Хотирасон мекунем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста- «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфт. Ҳамин тавр ҳунарнамоӣ барои дастаи АГМК-и Ӯзбекистон ва дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар ин мусобиқаи бузург хотима ёфт.