Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳунарнамоияш дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, далел аз дурахши футболбозони тоҷик ва рушди варзиши рақами як дар Тоҷикистон аст. Хусусан ғалабаи воқеан таърихии онҳо зидди қаҳрамони секаратаи ин мусобиқа ва яке аз дастаҳои овозадор натанҳо дар Осиё, ки дар худ бозингарони таҷрибадор дар клубҳои бонуфӮзро дорад боиси аҳсантгӯиву бовариву эътимод аст. Ва ин ғалабаро натанҳо расонаҳои ватанӣ, балки торнамову рӮзнома, маҷалла ва радиову телевизионҳои кишварҳои дигари Осиё, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ба шакли худ шарҳ доданду ғалабаи «Истиқлол» -ро «сенсатсия»-и чемпионат, бохти «Ал Ҳилол» – ро боиси нангу шармандагӣ унвон карданд. Аммо воқеият ин аст, ки дастаи мо бо таёрии ҷиддӣ ва танҳо барои ғалаба озими Арабистони Саудӣ шудааст ва ҳамин бовариву ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби дигар бозии олии инфиродии бачаҳо боиси ангушти ҳайрат газидани мизбонони мусобиқа шудааст. Баъди нишон додани натиҷаҳои шигифтангез яқинан диду назари роҳбарони дастаҳо нисбат ба «Истиқлол» дар ду бозии баъдӣ тамоман дигар хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 тими “Истиқлол” то имрӯз чаҳор бозӣ кардааст. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистонро бо шумори 3:2 мағлуб кард, сипас аз тими “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Баъзе мухлисону коршиносон бар он назар буданд, ки ба худ омадан баъди мағлубияти 1:3 хеле душвор аст, аммо «шерони тоҷик» нишон доданд, ки ин ҳанӯз оғози кор аст. Ба қавле қасос ситонида шуд ва маҳз ҳамин ғалаба зидди «Ал Ҳилол» ба тамоми бозингарони мо тавону неру бахшид то барои роҳхат мубориза баранд. Муҳимтар аз ҳама, боварияшон афзуд, ки метавонанд. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то рӯзи 30 апрел идома меёбад. “Истиқлол” дар ду бозии боқимонда 27 апрел бо “Шабоб-Ал-Аҳлӣ Дубай” ва 30 апрел бо АГМК (Ӯзбекистон) рақобат мекунад.
Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 иштирок мекунанд.
Имшаб дар даври панҷум «АГМК» (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Аморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) бо ҳам рақобат мекунанд. Метавон гуфт, ки ин рақобатҳо барои дастаи мо рақобати ҳассосу муҳим ба шумор меравад, зеро яқинан шеваи бозии рақиб дигар мешаваду ба истиқлолиҳо мушкилот пеш меоранд. Аммо бозиҳои қаблӣ, хусусан ду рақобати охир, нишон дод, ки футболбозони мо ба ҳамлаҳо тоб оварда метавонанд. Ва ҷолибтар аз ҳама аксулҳамлаҳои «мо» барқвор аст, ки ин чизро дар футболи муосир зиёд дидан мумкин аст.
Аз ҷониби дигар дарвозабони дастаи «Истиқлол» ба фарқ аз дарвозабонҳои дастаҳои дигари ҳамин гурӯҳ то ҳол иштибоҳи дағалу нобахшидани накардааст ва маҳорати хеле хуб нишн медиҳад. Дар ғалабаи таърихӣ зидди «Ал Ҳилол» кори дастаҷамъона ва тифоқии ҳама бозингарон дида мешуд, ки зидди танумандони дастаи арабӣ чӣ карданд. Хусусан, Манучеҳрҳо яке Сафарову дигар Ҷалилов, ки ба рӯйхатти беҳтарин бозингарони ҳафта низ шомил шуданд, «мотиватсия» – шон олӣ аст ва умед дорем имшаб низ корнамоияшонро дар ҳамин сатҳ ҳатто болотар аз он нишон медиҳанд.
Муҳимтар аз ҳама, ба футболбозони мо лозим аст, набояд даступо хӯрда шаванд, балки ба андешаи навишти боз як саҳифаи таърихии дигар шуда, ба майдон бароянд. Ба ғалабаи минималлии «Истиқлол» метавон бовар кард ва рақобати сангинро хоҳем дид. Дар бозии имшаб ва бозии баъдӣ, ки санаи 30 апрел дар даври шашум бо «АГМК» (Ӯзбекистон) мегузарад, барои «мо» се хол лозим аст, то аз гурӯҳ бароем. Инҷо, албатта натиҷаи бозиҳои дастаҳои дигар низ таъсиррасон аст, аммо ҳоло умедвори ғалаба хоҳем шуд.
Исфандиёр Носиров,
Радиои “Тоҷикистон”
P.S.: Хонандагони азиз! Барои ошноӣ бо шарҳи бештари ин мусобиқа ба Шумо тавсия медиҳем, ки дар ин суроға барномаи “Ҷаҳони футбол”-ро тамошо намоед.