Дурахши “Истиқлол” дар Ҷоми Қаҳрамонҳои Осиё

Дирӯз дар бозии дувуми даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё оид ба футбол, “Истиқлол”-и Душанбе дастаи АГМК-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода се имтиёзи ниҳоят муҳимро ба даст овард.

Ҳимоятгари сербистони АГМК Ёван Ҷокич дар дақиқаи илованамудаи довар ба қисмати аввали рақобат иштибоҳан тубро ба дарвозаи худ ворид намуд ва ҳисобро ба нафъи “Истиқлол” боз кард. Ду голи дигари бозингарони душанбегиро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Ҳарчанд идораи туб бештар дар дасти футболбозони АГМК буд, онҳо танҳо тавонистанд ба ду голи “Истиқлол” ҷавоб гардонанд.

Ин ғалаба ба дастаи “Истиқлол” имкон дод, ки бо 4 имтиёз дар зинаи дувуми гурӯҳи худ баъд аз дастаи дорандаи Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2019 “Ал-Ҳилол” қарор гирад. Рақобати ин ду тим санаи 21 апрел соати 00:00-и вақти Душанбе баргузор мешавад. Ғалаба ё мусовии Истиқлол дар ин рақобат эътимодро барои баромадан аз гурӯҳ зиёд хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бозингарони мо бозии аввали худро бо дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Дубай мусовӣ карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *