«Истиклол» ба садри гурӯҳи “А”-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад

акс аз ФФТ

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро шикаст дод.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров бо ду голии задаи худ се имтиёзи арзишмандро ба хазинаи дастаи худ зам намуданд. Ҳоло дастаи мо бо ҳафт имтиёз аз чор бозӣ дар садри зинаи ҷадвали гурӯҳи “А” қарор дорад. Зинаи дуюмро “Ал-Ҳилол” ишғол мекунад. Ӯ низ ҳафт имтиёз дорад.

Бозии даври панҷуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 “Истиқлол” рӯзи 27-уми апрел ба муқобили «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» аз ИМА мегузаронад. Ин бозӣ соати 23:55 ба вақти душанбе оғоз мешавад.

Тақвими бозиҳои даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд