Воридкунандагони равғани растанӣ аз андоз озод шаванд

Ба Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, то мувақатан воридкунандагони равғани растаниро аз андоз озод кунанд.

Дар ин маврид apk-inform.com хабар нашр кардааст ва гуфта мешавад, ки ин иқдом ба хотири пешгирии болоравии беасоси нарх равона шудааст. Ҳамин тариқ, бар асоси лоиҳаи қонуне, ки Палатаи поёнии Парлумони Ӯзбекистон ба Сенати он пешниҳод кардааст, аз 1 май то 31 декабри соли 2021 воридкунандагони равғани растанӣ, тухми офтобпараст, зағир ва лӯбиё андоз аз арзиши иловашуда озод хоҳанд шуд. Аммо, ба соҳибкорон иҷозат дода мешавад, ки на бештар аз 50% равғани офтобпараст ва дигар растаниро, ки аз тухми офтобпарасти воридотӣ ба даст оварда шудаанд, содир кунанд.