Ба наздикӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолан 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и Чин ворид карда мешавад.
Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба «Ховар» гуфтааст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти ду кишвар гирифта шуда, пас аз омода шудани ваксинаҳо ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Хотирасон мекунем, ки дар оғози моҳи март ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 192 ҳазор вояи ваксинаи «AstraZeneca» аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Баъд аз қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 марти соли ҷорӣ маросими расмии оғози ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баргузор шуд. То имрӯз бошад, беш аз 36 ҳазор кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар иммунизатсия шуданд, ки тибқи нақша, бояд 6 миллиону 714 ҳазор нафар аҳолии мамлакат бо ваксина фаро гирифта шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар оянда қисмати дуюми ваксинаҳои «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид мешавад. Дар ин марҳила, ба нафарони аз 60-сола боло ва сипас аз 50-сола боло ваксина гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки ваксинаи «Спутник V» – и Россия низ ба Тоҷикистон дастрас карда шавад.