Имрӯз 21 апрели соли 2021 ва рӯзи чоршанбе аст.
Сархатти хабарҳо
Хотирасон мекунем, ки дар оғози моҳи март ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 192 ҳазор вояи ваксинаи «AstraZeneca» аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. 23 марти соли ҷорӣ бошад, маросими расмии оғози ваксинатсия бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон баргузор шуд. То имрӯз беш аз 36 ҳазор кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар иммунизатсия шуданд, ки тибқи нақша, бояд 6 миллиону 714 ҳазор нафар аҳолии мамлакат бо ваксина фаро гирифта шаванд.
Аз рӯйи иҷроиши нақша дар минтақаҳо Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91%, вилояти Хатлон 79% ва вилояти Суғд 67%-и нақшаи даъватро ба иҷро расонидаанд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои аввали оғози ин маърака шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 бо дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ вориди рақобат мешавад.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт.
Қурби асъор
1 USD – 11.3200
1 EUR – 13.6315
1 RUB – 0.1470
Обу ҳаво
шаҳри Бохтар
Рӯзона +25…+27°C
Шабона +11…+13°C
шаҳри Хоруғ
Рӯзона +12…+14°C
Шабона +3…+5°C
шаҳри Хуҷанд
Рӯзона +18…+20°C
Шабона +12…+14°C
шаҳри Душанбе
Рӯзона +19…+21°C
Шабона +9…+11°C
Рӯзҳои 21-22 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои дигар борони бошиддат ва ҳатто дар баландиҳо барф меборад. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ давоми ду рӯзи оянда дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Тақвими рӯз
Мувофиқи тақвим бошад, 21 апрели соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.
Дар ин рӯзи соли 1951 Кумитаи миллии олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.
21 апрели соли 1954 Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамин рӯзи соли 2005 корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Неругоҳ соли 2009 ба истифода дода шуд.
Имрӯз Рӯзи астрономия мебошад.
Ҷадвали барномаҳо
Мувофқи ҷадвали пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” имрӯз дар соати 10:40 барномаи “Иқтисод ва молия” вобаста ба дастгирии соҳибкорон пахш мешавад. Як соат пас аз он дар соати 11:40 барномаи “Этикет”-ро бо мавзӯи “Тафаккури техникӣ ва рушди фанҳои дақиқ” гуш карда метавонед.
Дар соати 13:40 барномаи “Ҳамзамон” ва дар соати 14:15 барномаи “Ҳаёти деҳот” бо қисса аз рӯзгори сокинони ноҳияи Ёвон пешниҳоди Шумо мегардад.
Соати 16:10 барномаи “Ҷавонон ва ҷомеа” ва соати 17:10 такрори барномаи “Фурӯғи ҳунар” пахш хоҳанд шуд.
Агар дар соати 19:20 барномаи “Ҷоми ҷаҳоннамо” китоби тозанашри “Як моҳ бо Айнӣ”-ро муаррифӣ кунад, пас дар соати расо 24 дар барномаи “Хуршеди шаб” суҳбати ширу шакар бо Халифабобо Ҷумъазодаро гуш кунед.
Ҳамин тавр, ҳайати эҷодии Радиои “Тоҷикистон” ҳамарӯза ва ҳар соат ахбору барномаҳои тозаро манзури Шумо мегардонад. Барои ошноии бештар ба сомонаи https://radiotoj.tj/ ворид шавед ва ё моро дар саҳифаҳои Фейсбук, Ютюб, Инстаграм, Телеграм ва Твиттер ҳамроҳӣ намоед.
САЛОМ