Дар муддати 20 рӯзи оғози маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъват 80,5% иҷро шудааст.
Аз рӯйи иҷроиши нақша дар минтақаҳо Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91%, вилояти Хатлон 79% ва вилояти Суғд 67%-и нақшаи даъватро ба иҷро расонидаанд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои аввали оғози ин маърака шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Тавре медонем, 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад: даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
One thought on “То имрӯз чанд фисади нақшаи даъват иҷро шудааст?”