19 апрел намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Русия ҷиҳати баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои ВКХ , дар музокирот Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифта, дар фарҷоми музокирот, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуд, протокол ба имзо расид.
Дар хабар вобаста ба кадом лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ ё кадом протокол чизе гуфта нашудааст.
Дар робита ба масъалаи муҳоҷират хабар медиҳем, ки бар асоси як фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” (аз 18 апрели 2020, №274) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ ба таври худкор (автоматӣ) дароз карда шуд.
Вале, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии муқими Россия даъват ба амал овардааст, ки то 15 июни соли равон ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷират дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд. Дар акси ҳол, ба таври автоматӣ ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.