7 000 доллари қалбакиро ошкор карданд

Кормандони Вазорати корҳои дохила дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-соларо бо гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои ВКД ин сокинони  шаҳри Норак дар давоми моҳи март ва апрели соли 2021, бо мақсади ба муомилот баровардани долларҳои қалбакӣ аз марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур купюраҳои 100 доллараи амрикоии қалбакиро дастрас намуда, ба ҷавони 28 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба фурӯш баровардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-криминалистӣ, купюраҳои гирифташуда 7 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакиро ташкил медиҳанд.

Як сол пеш ҳам кормандони милитсия мардони 28 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷандро бо ҳамин гумон дастгир карда буданд.

Гуфта мешуд, ки номбурдагон бо мақсади ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ аз як нафар 22-адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ғайриқонунӣ ба даст оварда, санаи 25 январи соли 2020, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ 7-адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ба маблағи 6 ҳазору 300 сомонӣ фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашонро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ё соли 2016 ду сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи мазкур аз сокини вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо маблағи 9 600 доллари амрикоии қалбакӣ 30 тонна нуриҳои минералии “Карбамит” гирифта буданд, дастгир шуданд. Аз ин миқдор маблағ, мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ, 96 адад купюраҳои бо навиштаҷоти 100 доллари амрикоӣ, бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ баромаданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *