Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон оғоз шуд

Мувофиқи бандҳои 284 ва 285 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2025, №283  аз 1  то 10 — сентябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Давоми даҳ рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад намуда, роҷеъ ба дастовардҳои корӣ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025 ба    Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,  санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суханронӣ менамоянд. Инчунин, вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури нтихобкунандагони кишвар қарор мегирад.

Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андашаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.