Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аввалин дидори худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз бозигарони то 23-солаи тими олимпии кишвар дар бозии даври аввали гурӯҳи «К» бо тими футболи олимпии Непал вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар гурӯҳи «К» ҳамчунин дастаҳои Сурия ва Филиппин шомиланд, ки онҳо низ имрӯз бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Тими олимпии кишвар бозии дуюми худро бо Филиппин санаи 6-уми сентябр доир намуда, дар дидори охир рӯзи 9-уми сентябр бо Сурия вомехӯрад.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»