ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Осмони боз»-ро амалӣ намуд

3 сентябр кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон иди касбӣ-Рӯзи таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар мамлакат аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт. Инчунин соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ, Тоҷикистон бо 30 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст. 9 созишномаи он бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Узбекистон, 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо -Фаронса, Британияи Кабир, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия ва 13 кишвари Осиё -Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайиланд, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Корея ва Салтанати Уммон мебошад.

Дар доираи ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон ва Чин 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе-Сиан парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд. Парвозҳои мустақим дар ин масир аз ҷониби ширкати «Zhejiang Loong Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд. Ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт барои густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамониати шаҳрвандони ҳарду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар масири Пекин-Душанбе-Пекин, Қошғар-Хуҷанд-Қошғар, Самарқанд –Душанбе –Самарқанд низ парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат рушд меёбад. Дар доираи эълони сиёсати «Осмони боз» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи ҳавонавардии мамлакат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати нави зимомӣ оғоз гардид. Ҳамзамон 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш карда мешаванд. Барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз хати нави зимомӣ бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ давоми қариб 3 моҳ ба анҷом расонида мешаванд. Моҳи июни соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Осмони боз»-ро амалӣ намуд. Тибқи он, аз ин баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.