Дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардид.
Бино ба навиштаи ВКХ дар ҷаласа хоҳони он шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба Афғонистон, бахусус дар мавриди иҷмои минтақавӣ барои сулҳ густариш ёбанд, то заминаи сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад. Ҳамчунин, ӯ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур изҳори хушнудӣ кард.
“Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани нишасти коршиносони аршад ва Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар таърихи 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе эълон намуд ва хостори иштироки фаъоли кишварҳо гардид”,-омадааст дар хабар.
Сипас ширкаткунандагон лоиҳаи санадҳои марбут ба Конфронси нуҳуми вазирон – Эъломияи Душанбе, тавсеаи имкониятҳо барои занон, мудирият ва пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи Чораҳои эътимодсозии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.