Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ (CATI) расман ифтитоҳ гардид

Рӯзи 25 феврали соли 2021 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ муаррифии расмии Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ (CATI) тариқи видеоконфронс аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ (МТБ) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас доданд.

Қайд гардид, ки бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ воридотӣ ва транзитӣ расман фаъолият доранд.

Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ дар баробари Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ воридотӣ ва транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, маълумотнокии содироткунандагон ва рушди ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст.

Дар ҳисоботи солонаи Бонки Ҷаҳонӣ «Doing Business 2020» Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 20 давлати ислоҳотчии сол пазируфта шуд, ки яке аз дастовардҳо дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ ба ҳисоб меравад, ки он аз ҳисоби уҳдадориҳои кишвар дар доираи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо мебошад.

Дар чорабинии мазкур Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардида, масъалаҳои пайдо намудани маълумоти зарурӣ оид ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати содироти молҳои ватанӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *