Вазорат: барои пешгирӣ аз хунукӣ дар боғҳо алаф дуд кунед

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боғдорони кишвар маслиҳат медиҳад, ки барои пешгирӣ намудани дарахтони мевадиҳандаи гулкарда аз хунўкиҳои рўзҳои охир дар даруни боғҳо дуд кардани алафҳои бегона ва паяи шолию зағер зарур аст.

Саркишоварз Асоев И. дар шарҳи ин пешниҳод қайд намудааст, ки дар ҳолати дуд кардани маводҳои зикргардида дуд болои ҷанини ҳушёршудаи дарахтони мевадиҳандаро ҳамчун плёнкаи полиэтиленӣ маҳкам менамояд. Ин усул ҷанини ҳушёршудаи дарахтони мевадиҳандаро дар ҳолати то -3 градус сардии ҳаво аз сармозанӣ эмин медорад.

Қаблан ҳам хабар дода шуд, ки бо дастури раиси вилояти Суғд дар боғоти навоҳии вилоят корҳои биокимёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст. Таъкид гардид, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон дар боғот дудмониро ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар кишвар дар майдони 131 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва барқарор карда шудаанд, ки аз он: 129 га боғ, 2 га ток ва 23 гектарро боғи интенсивӣ ташкил дода, дар 490 га барқарроркунии боғу токзорҳои кўҳна гузаронида шудааст.

Имрўз деҳқонони боғпарвари кишварамон асосан ба ниҳолҳои мевадиҳандаи себу нок ва ниҳолҳои донакдори гелос, зардолу, шафтолу, олу ва олучаи мичуринӣ, ниҳолҳои ангури тоифӣ, ҳусайнӣ, ғалаба ва шоҳона ва инчунин ниҳолҳои ҳамешасабз “Санавбар“ (Сосна), “Сарв” (Моржавельник) , “Компактный туя” таваҷҷўҳ доранд. Ба иттилои Вазорат аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи  “Тоҷикниҳолпарвар” ба ҳолати 10.02.2021 ҳамагӣ ба миқдори 99 289 бех ниҳол ба фурўш бароварда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *