Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба таҳавулоти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон таваҷҷуҳ кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 феврал мақолае зери унвони “Роҳу нақлиёт. Сабақҳои айёми яхбандӣ.” навиштааст, ки серборишу сард омадани аввали зимистони имсола заъфи кори масъулони бахши нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро дар баъзе шаҳру навоҳӣ нишон дод.
Муаллиф ба унвони мисол аз қавли сокинони ноҳияи баландкӯҳи Лахш навиштаст, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Лахшу Алға, бахусус дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон, дар ҳудуди рустоҳои Чорсӯ – Дувана – Ачиқалма ҳангоми боришоти зиёди барф техникаҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард хеле дер шоҳроҳро аз барф тоза мекунанд, ки дар ин муддат барфи ғафси обшудаи болои он ба ях табдил меёбад ва ҳамчун маводи зиддилағжиш бар ивази қум хок мепошанд, ки он ба кор намеояд.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре навиштааст, ки сардиҳои зимистони имсола ва маҳудиятҳои интиқоли барқ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Бадахшон, масъалаи таъмини аҳолӣ бо ангишти арзонро дубора барҷаста кард. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф чанд соли охир масъалаи аз нав фаъол намудани кони ангишти Равноби ноҳияи Дарвоз ҳалли худро намеёбад. Агар имрӯз истихроҷи ангишт аз ин кон аз нав ба роҳ монда мешуд, нархи ангишт дар вилоят коҳиш меёфт.
Ба хулосаи муаллиф ба қувваи барқ умед бастан чандон оқилона нест, зеро сардии зимистони Помир ҳар замон метавонад, боиси бамаротиб кам шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо шуда, ин омил боиси коҳиши истеҳсоли барқ ва интиқоли он ба шаҳру деҳот гардад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 феврал хабар медиҳад, ки 18 феврал раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи Хадамоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирони Иттиҳоди Аврупо, дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба навиштаи ин манба Саймумин Ятимов таваҷҷуҳи ҳайатро ба фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ собиқ ҲН ҷалб намуда, таъкид карда аст, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиорҳои дурӯғин, баҳонаҳои бофтаю беасос, инчунин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд соҳиби мақоми паноҳандагӣ шаванд.
Ин нашрия менависад, ки дар ин мулоқот ба ҳайати ИА дар бораи ҷиноятҳои содиркарда ва амали харобсози баъзе аз фаъолони ТТЭ собиқ ҲН, маълумоти муфассал ва санадҳо пешниҳод гардид.
Гуфта мешавад, ки дар фарҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин, пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд. Дар ин замина «Харитаи роҳ» таҳия ва шахсони масъул муайян карда шуданд.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 24 феврал бо профессор Абдунабӣ Сатторзода муҳаққиқ, адабиётшинос ва мунақиди саршиноси кишвар мусоҳиба анҷом додааст. Профессор Сатторзода дар ин суҳбат аз таҳияи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ҳимоят карда, таъкид кардааст, ки масоили баҳсбарангез дар имлои соли 2011 зиёд аст ва яке аз онҳо ду ҳарфи “саргардони” “ӯ” ва “у” мебошад.
Ҳамзамон Абдунабӣ Сатторзода дар посух ба пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом баде надорад ва далел бар он хоҳад буд, ки мо қадам ба қадам дар баробари дарёфти истиқлоли сиёсӣ ба сӯи истиқлоли забонӣ, фарҳангӣ ва низомӣ равонаем.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 25 феврал дар мақолаи таҳлилие навишт, аз роҳандозии насли чоруми интернет ё худ 4G дар Тоҷикистон 10 сол сипарӣ шуд, аммо то ҳол шабакаи 4G на ҳамаи қаламрави кишварро фаро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҷаҳон насли панҷуми интернет роҳандозӣ мешавад.
Аз сӯи дигар нашрия менависад, айни замон ширкати “Тоҷиктелеком” ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон буда, онро ширкатҳои мухобиротӣ ду баробар қиматтар мефурӯшад.
Ба навиштаи муаллиф сиёсатҳои нодурусти Хадамоти алоқа тайи даҳ соли охир ба рушди босуръати соҳаи телекомуникатсия дар Тоҷикистонро монеаи ҷиддӣ эҷод кард. Муаллиф таъкид мекунад, ки агар даромади бозори телекомуникатсия дар Тоҷикистон соли 2013 540 млн долларо ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2019 то 202 млн доллар коҳиш ёфт.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 24 феврал дар гузориши аксӣ аз вазъияти ногувори бозори фурӯши чорво дар шаҳри Панҷакент ба шиддат интиқод карда, навиштааст, ки ин бозор дар шоҳроҳи Панҷакент – Душанбе воқеъ аст, аммо масъулини ноҳия бо сабаҳои номаълум ин ифлосиҳоро мебинанду чашм мепушанд.
Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре зимни натиҷагирӣ аз нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон, навиштааст, ки Зарина Давлатзода раиси шаҳри Левакант иддаои изофанависӣ дар кишти картошкаро рад кардааст. Вай гуфтааст, ки масъулини Кумитаи идораи замин дар шаҳри Левакант ягон санҷиш нагузаронида, ба раиси виялоти Хатлон маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ аз изофанависӣ дар кишти картошка дар ноҳияҳои ин вилоят изҳори нигарони карда гуфт, ки изофанависӣ аз 187 гектар бештар аст.
Давлатов О.,
Радиои “Тоҷикистон”