Парванда барои барзиёд ихроҷ кардани гази СО

Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар ин амалиёт дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳри Гулистон23 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳанд, дар рафти амалиёт дар шаҳри Гулистон нисбат ба ронандагони 2 адад воситаи нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардиданд.

Ҳамчунин, зимни амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Бӯстон 31 адад нақлиёти автомобилӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, нисбати 4 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *