Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” соли 2020 тавасути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии байналмилалӣ ва маҳалӣ ҳамагӣ 259,7 ҳазор нафар мусофир ва 662,7 тонна бор интиқол додааст. Ин нуктаро имрӯз директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарниигорон гуфт
Ба иттилои роҳбари Агентӣ, ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркия, Аморати Мутаҳидаи Араб, Россия, Қазоқистон, Хитой ва хатсайри маҳаллии Душанбе – Хуҷанд – Душанбе иҷро намуд.
Иттbлоъ дода шуд, ки интиқоли мусофирон дар ҳаҷми умумӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 86% ва фурудгоҳи Хуҷанд 14 5 – ро ташкил медиҳад. Ширкати мазкур дар соли 2020 ҳудуди 931,7 млн сомонӣ даромад ба даст овардааст. Ҳамчунин ин Ширакат 7 млн сомонӣ бар зарар хароҷот кардааст. Ба гуфтаи масъулини “Сомон эйр” ба ин хароҷот бар зарари молиявӣ буд, аммо ба хотири аз даст надодани бозор ногузир буданд.
Роҳбарияти ширкат зикр доштанд, ки барои аз даст надодани бозор дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти калон карда, фаъолият ва хизматрасониашоно беҳтару хубтар намуданд.
Шоҳин САИДОВ
радиои “Тоҷикистон“