Хатмкунандагони ДКМТ дар корхонаҳои нафту гази Россия фаъолият доранд

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси нави заргарӣ фаъол карда шуда, барои омӯзонидани донишҷӯён барномаҳои комил ва ҳамчунин 3D принтерҳо барои қолабгирӣ бо истифода аз ҳар гуна шаклҳои маснуоти заргарӣ харидорӣ гардидааст.
Ин нуктаро ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошта, илова кард, ки айни замон дар ДКМТ 15 кафедра фаъолият мебарад, ки 8 кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома намуда, филиали худро боз кардааст ва қарор аст, ки имсол низ 4 кафедраи тахассусӣ дар корхонаҳои истеҳсоли филиалҳои худро боз кунанд ва дарсҳои амалиро дар ин филиалҳо гузаронанд.
“Ба хотири густариш додани ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе ҷиҳати табодули ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва боз намудани ихтисосҳои нав ҳамкорӣ кардаистодааст, ки ин ҳам ба хотири рушди соҳа мебошад”, илова намуд Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 47 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, ҳамасола табодули донишҷӯён дар ин донишгоҳҳо сурат мегирад.
Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ дар мавриди ба кор қабул намудани хатмкунандагони ихтисоси нафту газ аз ҷониби корхонаҳои Россия сухан рафта, гуфта шуд, имрӯз бидуни мушкилот хатмкунандагони соҳаи мазкур дар корхонаҳои нафту гази Россия фаъолият карда истодаанд.
Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ аз шакли таҳсили фосилавӣ дар донишкада ёдовар шуда, изҳор дошт, ки айни замон 150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкадаи мо ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд ва дар давраи имтиҳонсупорӣ онҳо ба хобгоҳ таъмин карда шуданд. Инчунин, гуфта шуд, ки имсол дар донишкада қарор аст, ки хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шавад ва бо тамоми шароитҳо муҳайё гардад.
Бояд қайд кард, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *