“Тоҷикон” хонед: Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд.       

Дар ин бора корманди Осорхонаи миллӣ Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзудааст, ки озмуни мазкур аз 15 феврал то 15 март баргузор гардида, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мешавад.

Тамоми шаҳрванди хориҷӣ метавонанд дар ин озмун иштирок намояд. Беҳтарин хонандаи ин шоҳасар муайян гардида, ғолибон бо мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

Иштирокчиён метавонанд ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ-11 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 227-15-08; 227-86-47

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *