Ҷамшед Ғанизода: имсол 53 нафари ройгон хатмкарда бо ҷойи кор таъмин карда шуданд

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.

Дар оғози нишаст ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода иброз дошт, ки бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати донишкада дар давраи фаъолияти худ то инҷониб бо 8 донишгоху донишкадаҳои хориҷӣ бо 2 академияи миллии дигар давлатҳо ва инчунин бо зиёда аз 30 ташкилотҳои дохилӣ бо максади гузаронидани  таҷрибаомузӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор равобити ҳамкорӣ дорад.

Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода иброз дошт, ки самти таълим дар донишкада асосан ба эҷод нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд.

Мавсуф дар тақвияти гуфтаҳояш илова намуд, ки феълан 1784 нафар донишҷӯ дар донишкада таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1096 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 688 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 12 нафар тибқи квота таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1106 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Ректори донишкада дар идомаи суханрониаш дар бораи бо ҷойи кор таъмин гаштани донишҷӯён дар бозори меҳнат қайд намуд, ки аз 73 нафар хатмкунандагоне, ки тариқи ройгон хатм кардаанд, 53 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз шумораи умуми теъдоди донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишкада тахсил менамоянд, ба 18 нафар расидааст, ки онхо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон Қиргизистон ва Қазоқистон мебошанд.

Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода зикр кард, ки имрӯз донишҷӯён бисёртар ба ихтисоси дизайни либос, дизайни дохили бино, дизайни графика, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва санъати оришӣ таваҷҷуҳи бисёртар доранд.

Инчунин, дар идомаи нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар бинои таълими донишкада маркази тестӣ бо 30 адад компютер ва синфхонаи нави бофандагӣ ташкил карда шудааст. Гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии донишҷӯёни ниёзманд ятимони кул пурра аз супоридани маблағ барои зист дар хобгоҳ озод карда шудаанд.

Ширин ИНОЯТОВА

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *