Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон се ихтисоси нав, аз ҷумла фарҳангшиносӣ, кори осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ, дизайни экспозитсионӣ ташкил гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 қабули довталабон ба ин ихтисосҳо ба роҳ монда мешавад – хабар дод, зимини нишасти матбуотӣ ректори донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода. Дар идомаи нишаст зикр гардид, ки ҳамасола байни донишҷӯён аз “Наврӯз то Наврӯз”намоиши муд доир карда мешавад ва ин чорабинӣ соли гузашта таҳти унвони “Мӯд-2020” баргузор карда шуд. Тибқи иттилоъи масъулин, омӯзгорони ин донишкада дар соли 2020, бо медали хизмати шоиста, аълочии маориф сарфароз шудаанд ва як нафари дигар ғолиби озмуни “Муаллими сол” гардид. Роҳбарияти донишкада нақша дорад, ки озмуни беҳтарин донандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро ба роҳ монанд.
Сангинзода А.