10 феврали 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлатали Назризода бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко Леонид Губерский баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки дар суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкории байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мусоҳибон дар масъалаи иҷрои Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ байни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко (аз 4 декабри 2008), татбиқи Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ (аз 4 марти 2020) ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия мубодилаи афкор намуданд.