Ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни Клуби футболи “Хуҷанд” медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ супорида шуд.
Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки солҳои охир ба рушди тамоми соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин раванд дар вилояти Суғд низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои дастгирии дастаҳо ва рушди футбол аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
“Дар ин замина, дастаи футболи “Хуҷанд” соли гузашта дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ин муваффақият имкон дод, ки даста ба марҳилаи гурўҳии Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирад. Ҳамзамон, ҳайати ҷавонони дастаи мазкур низ дар ин чемпионат хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби мақоми дуюм гардиданд”, омдааст дар хабари Хадамоти матбуотии вилоят.
Дар идома Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати дастгириҳои доимӣ изҳори сипос намуд. Дар навбати худ Алишер Урунов омодагии ФФТ-ро барои ҳамкории судманд дар ҳама ҷодаҳо барои ноил гаштан ба музафариятҳо баён намуд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо, инчунин масаъалҳои марбут ба омодагии дастаҳои вилоят ба чемпионати имсоларо баррасӣ карданд.