Имрӯз дар толори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур як қатор масъалаҳои муҳим мавриди бараси қарор гирифт. Ализода Алимаҳмуд муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишаст иброз намуд, ки Саридора дар соли 2020 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ва “Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026” амалӣ намуда, корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 7 млн сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир, сангҳои худҷилло ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонидааст.
Ба иттилои манбаъ дар баробари корҳои соҳавӣ кормандони соҳаи геология дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмӯл – 42 адад, ангишт – 1 адад, асосноккунии техникӣ-иқтисодии параметрҳои кондитсияҳо – 3 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо – 14 ҳисобот ва афзоиши захираи конҳо – 4 ҳисоботро ташкил медиҳад. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, ангишт, оҳаксанг, гранит, гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал, гил тасдиқ гардида ба тарози давлатӣ гузошта шудааст.
Иноятова Ширин,
Радиои Тоҷикистон